Бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи рӯзи 5 сентябри соли 2019 дар ноҳияи Кӯшониён, як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, Раъно Раҳимзода - Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи ба истифода дода шуданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия ва соҳибкорони бо нангу номуси маҳаллӣ, дар деҳаи Байнали Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия роҳи яке аз кӯчаҳои деҳа бо сифати баланд мумфарш гардид, ки дар гузашта роҳи мазкур фарсуда ва ноҳамвор буда, мардум аз чунин ҳолати ногувори роҳ изҳори нигаронӣ мекарданд.
Бо мақсади таъмин намудани барқи доимӣ ба мардум, аз тарафи соҳибкори маҳаллии Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия нерӯгоҳи барқи обии хурд дар канали “Болға-боскан”, ки бо иқтидори дар як соат 25 киловатт барқ медиҳад ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, дар ҷамоатҳои Ориён ва Бӯстонқалъа, бо иштироки меҳмонон маркази саломатӣ, китобхона, синфхонаи иловагӣ кӯшода шуданд.
Барои саҳми арзанда гузоштан дар пешрафт ва ба истифода додани чунин иншоотҳо, ба ташабускорон ва соҳибкорони маҳаллӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сипоснома ва Ифтихорнома супорида шуд.
Аксҳо аз рафти кӯшодашавиҳо:
“Кӯшониён”