Тантанаҳои рӯзи Истиқлолият дар ноҳияи Кӯшониён

   Бахшида ба ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 5 сентябри соли 2019  дар маркази ноҳия, ҷавонону наврасон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия, бо як рӯҳияи идона, дар даст ҳаргуна шиору овезаҳо ва парчами миллӣ, ки таранумкунанда  сулҳу суботи кишвар ва аз соҳибистиқлоли диёрамон шаҳодат медиҳад,   роҳпаймоӣ  намуданд.

   Дар чорабинии мазкур Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Кӯшониён, Қосимзода Идигул Тағо - Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раъно Раҳимзода - Сардори Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

   Имрӯз симои ноҳияро як фазои идона пахш карда, занону духтарон дар тан либосҳои миллӣ ба бар намуданд, ки ба чорабинии мазкур ҳусну таровати дигар мебахшид ва сокинони ноҳия ин рӯзро ба ягдигар муборакбод гуфта бо ҳам шодию хурсанди мекарданд.

   Ба хотири пос доштани ҳунарҳои мардумӣ ва эълон гаштани солҳо 2019- 2021 солҳои «Рӯшди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми», занону духтарон ҳунарҳои дастии хешро ба марази тамошо гузоштанд, ки ҳунари волои занону духатрони ноҳияро меҳмонон баҳои баланд доданд.

    Сипас, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Кӯшониён, иштирокдорон ва дар симои онҳо ҳамаи сокинони ноҳияро, ба ҷашни фархунадаи 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки аз файзи Истиқлолият ва сулҳу субботи кишвар, дар ноҳия тӯли ин солҳо ҳаҷми даромади буҷети маҳаллӣ пайваста зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет оид ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа, махсусан соҳаи иҷтимоӣ,  сол аз сол афзоиш ёфт, ки ин имконияти пешравии мунтазами соҳаҳои гуногунро дар ноҳия таъмин менамояд.

   Ҳамчунин дигар баромадкунандагон аз бузургӣ ва дастовардҳо Истқлолият кишварамон баромад намуда, баён доштанд, ки бояд ин неъмати бебаҳои давлатамонро пос дорем, зеро бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марудими бо нангу номуси миллат ба даст омдааст. Ба хотири болидахотирии меҳмонон ва иштиркдорон аз тарафи шуъбаи фарҳанги ноҳия гулдастаи ҳунарӣ намоиш дода шуд, ки дар он сулҳ ва Истиқлолият таранумкунанда буд.

   Аксҳо аз рафти чорабинӣ:

IMG_8316.JPG IMG_8318.JPG

IMG_8321.JPG IMG_8323.JPG

IMG_8328.JPG IMG_8337.JPG

IMG_8341.JPG IMG_8342.JPG

IMG_8346.JPG IMG_8351.JPG

IMG_8352.JPG IMG_8357.JPG

IMG_8361.JPG IMG_8362.JPG

IMG_8365.JPG IMG_8370.JPG

IMG_8374.JPG IMG_8380.JPG

IMG_8386.JPG IMG_8397.JPG

 

 

« Кӯшониён »

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.