Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9.09.2019 дар қисми ҳарбии 07/017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён чорабинии ҳарбию ватандӯстӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш баромаднамуда афсарону сарбозонро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда ба 10 нафар сарбозоне, ки ихтиёран ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда хизмати модар ватанро содиқона иҷро намуда истодаанд бо туҳфаҳоли хотиравӣ қадрдони намуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:
Мудири бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши ноҳияи Кӯшониён
Парвиз Азимов