Роғун майдони нангу номуси миллат

   9 сентябри соли 2019, таҷлили 28 умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳи обии барқии Роғун аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳи он коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат иштирок карданд.

   Рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан дар самти тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар, нақши калидӣ мебозад.

   Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи якқатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имкон фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.

   Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд, ки пайомадҳои он дар рушди кишвари азизамон неку бобарор дониста мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамон амалӣ мегарданд. Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

   Тадбиқи чандин лоиҳаи муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика нишонаи ҳамин кӯшишҳои пайваста буда, имрӯз ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодаанд. Ба хотири таъмин намудани пешрафти босуботи иқтисодии мамлакат илова ба се ҳадафи стратегӣ мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем. Маҳз ҳамин ҳадаф Тоҷикистони моро аз кишвари аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил дода, барои рушди бемайлони он роҳи васеъ мекушояд. Агрегати дуюми иншооти азими аср-Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта мешавад, яъне мо ба сӯйи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ боз як қадами устувор мегузорем. Бо кор оғоз кардани агрегати дуюми неругоҳи «Роғун» дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, яъне 28-умин солгарди Истиқлолияти Ватани маҳбубамон мебошад.

 

 

Сармуҳаррири рӯзномаи «Кӯшониён»

Ф. Маҳмудов

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.