Хар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.
Ҳақ ба ҷониби Лоҳутист: Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ як амали хайре, як кори неке, як ёдгоре аз худ боқӣ монад. Вақте ки шахс аз дунё мегузарад, ягон амали некаш ёди уро зинда мегардонад. Албатта, ҳамаи одамон мирандаанд, вале агар аз кас ягон амали хубе боқи монда бошад, хар боре, ки ба он менигарӣ, беихтиёр заҳмати бепоёни ӯ номи он шахсро зиндаёд мегардонад, зеро бузургон гуфтаанд:
Шахсияти арзанда дар дунёи равшан аз худ се чизро боқӣ мегузорад:
1. Садақаи ҷория — бунёди боғ.
2. Илми кофӣ — яъне офаридани асаре.
3. Фарзанди солим ба дунё овардан, ки боиси ифтихору болидагист.
Агар инсон ягон амали номбаршударо иҷро накарда бошад, пас он шахс умр барбод гузаронд ва ранҷи бефоида бурд.
Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузурги давлат Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунад. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли Неругоқи Барқи Обии Роғун машғул аст.
Эӣ ҳамватан, Роғуни худро бино кунем.
Бошад китоби маьнии барҷаста во кунем.
То имтиҳони мо шавад аз буд ҳам қадим.
Имрӯз кохи Роғуни дилҳо бино кунем.
Ҳар як нидои ин марди накуном бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатмандӣ бедор кард. Тоҷикистони кучаки мо имрӯз иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда ин иншоотро обод намудан доранд.
Ҳар ки Роғун мекунад бунёд,
Хонаи хешро кунад обод.
Ҳар як ватандор шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, қарзи ватандорӣ адо карда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузург саҳм гузошта, саҳмияҳо харида. Маблағҳо мегузаронанд. Имрӯз ҳар як пиру барнои миллат бо кадом роҳе, ки набошад, дастгири ободонии НБО-и Роғун аст. Имрӯз Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутуни маъбади бузурги меҳру муҳаббатро бино мекунанд. Имрӯз ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург гаштааст.
Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ, исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадаст. Нахустин бор Президенти давлат Эмомалии Раҳмон ба халқ бобати кумаку дастгири баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат кард, ки ин муроҷиат ба кулли мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, хамагон онро хуб пазируфтанд, дастгири намуда истодаанду ҳамагӣ ҷонибдоранд.
Хуфтаро бедор бинмуд бо сухан,
Бо нидояш ҳамгиро халқи Ватан.
Миллати тоҷик аз қадимулаӣём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдусту пурғайрат аст. Он ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кушиш бар он мениҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад. Душвориву мамониагҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.
Дар ҷахон болу пари хеш кушодан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Тоҷикони баору номус Имрӯзҳо пайи ободии ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. То модари тоҷик бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои рузгори хеш ба осонӣ баромада тавонад. То Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.
Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро сарвари фархунда накуст,
Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст.
Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,
Сарҷамъ ҳама ба иттифоқи ватанаш.
Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,
Созандаи ноби Роғуни ҳамватан аст.
Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор нагардида.
Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи чабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург бахшида.
Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун неругоҳи барқи - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъҳази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашида.
http://univer.tj/insho/rogun-inshooti-buzurgi-asr/
Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия
Муҳаммад Шарипов