Ҷобирзода Тоҳир Гул - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 10 сентябри соли 2019 то рузи 18 уми сетябр дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Бохтариён, Меҳнатобод, Сарвати Истиқлол ва шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз наздик бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо доир намуданд.
Махсусан вохӯриашон бо аҳолии ҷамоати шаҳраки Бохтариён дар сари саҳро хело судманд гузашта ба мардуми меҳнатқарин ки бо заҳмати зиёд ба парвариши пахта машгул хастанд Тоҳир Гул минатдорӣ баён намуда, қайд карданд ки ҳама ободии ватану дастархонҳои пур аз нозу неъмат аз заҳмати шумо кишоварзони бузург аст.
Тамоми вохӯриҳои Ҷобирзода Тоҳир Гул аз тарафи интихобкунандагон бо як дилгармӣ пазируфта шуд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси ноҳия