Чи тавре, ки ба мо маълум аст, аз 16 то 26-уми сентябри соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) шаҳри Варшава ҷаласаи САҲА баргузор шуда истодааст. Дар он душманони миллату давлати тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон баромад доранд.
Гурӯҳи мухолифи давлат сиёсати имрӯзаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита мавриди интиқод ва тӯҳмат қарор дода, мехоҳанд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таъсиргузор бошанд.
Ташкилоти террористиву экстремистии ҳизбӣ фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнуъшудаи наҳзат бо ақидаҳои зиддимиллию зиддидавлатӣ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабтҳои кӯтоҳ, мақолаҳои бефакту далелӣ подарҳавои худро гузошта, мехоҳанд, ки қишри осебпазири ҷомеа, бахусус, ҷавононро ба доми найрангҳои сиёсии худ андозанд. Бадбахтона бо сиёсати ғайримунсифонаю маккорона сари садҳо ҷавонони тоҷикро ба бод додаю дар қасру хушкҳои аврупоӣ давлат меронанд ва чун сирру асрорашон бознигарӣ мешавад, ба қавле худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон вонамуд сохта, аз якдигар мӯсичаи бегуноҳ месозанд.
Вале дар асл мақсаду мароми онҳо дигар буда, хостгори онанд, ки ватани азизи мо, ки имрӯзҳо бо Сарварии фарзанди баору номуси миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гашта истодааст, ба оромии ин ватан халал ворид созанд. Аммо халқи тоҷик дигар ба дасисаҳои ин гурӯҳи хоинона бовар надоранд. Он доду фиғоне, ки тариқи созмонҳои ифротии худ мекунанд, хаёл доранд, ки халқи тоҷик ба онҳо бовар доранд. Не онҳо ҳаргиз бовар намекунанд, чунки халқи тоҷик аллакай медонанд, ки шумо бо кадом роҳу восита моро ба ҷангу иғво андохта будед.
Директори МТМУ №1-и н. Кӯшониён
Раҳимова М.