МАРДУМИ ТОҶИК АЗ РӮЗГОРИ ОБОД, ПЕШРАВИҲОИ КИШВАР ВА ҲАЁТИ ОРОМУ ОСОИШТА ИФТИХОР ДОРАНД

   Ватани  маҳбубамон Тоҷикистон сол ба сол рушду нумуъ ёфта, ободу зебо гардида истодааст. Зиндагонии мардум низ рӯз аз рӯз беҳтар шуда, хушу хуррам гардидааст.

   Чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст, соли равон чархаи дуюми  НБО -  и Роғун ба истифода дода шуда, ба пешрафти иқтисодии кишварамон боз як заминаи нав ба миён гузошт. Мардуми тоҷик аз рӯзгори обод, пешравиҳои кишвар ва ҳаёти орому осоишта ифтихор доранд.

   Вале аз ин пешравиҳо ва ҳаёти хурсандонаи мо душманони миллатамон ҳасад бурда, аз хориҷи кишвар ба мардуми тоҷик тариқи расонаҳои интернетӣ суханҳои иғвоангезро паҳн мекунанд.  Як гуруҳ бадхоҳои миллат, ки дар хориҷи кишвар пайи амалӣ намудани нақшаҳои  нопоки худ пайваста ҷаласаву ҳамоишҳоро зидди кишварамон Тоҷикистон равона месозанд. Мавзӯи ҳамоишҳои онҳо танқиди ҳукумат, мақомоти давлатӣ, қудратталабӣ ва дурӯғу туҳматҳои нав ба нав мебошанд.

   Дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки аз рӯзи  16 – уми сентябри  то 26 – уми сентябри соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) шаҳри Варшава  дар бораи вазъи ҳуқуқи башар баргузор гашта истодааст, ин бадхоҳон низ ҳамоишҳоро зидди кишварамон Тоҷикистон равона месозанд, ки ин ҳамоишҳои онҳо ба фоида хоҷагони хориҷиашон мебошад.

   Бадхоҳони миллат  барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки худ пайваста бо ҳар гуна даъвату хоҳиш ва орзуҳояшон тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ баромад менамоянд. Онҳо бо паҳн намудани туҳмату мақсадҳои нопок мехоҳанд, ки фазои орому осудаи кишварамон Тоҷикистонро халалдор намуда, ноором созанд.

 

 

Узви Гуруҳи вакили  Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи  Кӯшониён

Кассиров Назаралӣ Бобохонович

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.