16-уми сентябри соли равон дар Варшава пойтахти давлати Полша, конфренсияи солонаи созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон оғоз шуд. Дар дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дар баробари дигар аъзои ин созмон, ки зиёда аз 60 давлати дунё узви ин созмон мебошанд, Тоҷикистон низ ҳамчун як кишвари узв намояндаҳои худро бо роҳбарии Зариф Ализода ба ин конфронс фиристодааст. Аммо тааҷубовараш ин аст, ки дар конфронс ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ, ки як паймони дурӯғини беаҳду бепаймон таъсис додаанд, дар ин нишаст иштирок доранд. Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии ин террористон як аст, ин ҳам бошад, дар асоси дастуру супоришҳои хоҷаҳои хориҷиашон бо туҳмату буҳтонҳои зиёд, нуфузу мартабаи давлату Ҳукумати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилали паст задан мехоҳанд. Асосан нигароникунанда он аст, ки САҲА хилофи вазифаҳои барномавии хеш солҳои охир бо ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ, мухолифони давлатҳо, ки бо асосу далелҳои дақиқ ташкилотҳои террористиву экстремистӣ эълон шудаву бо дигар ташкилотҳои бузурги терористӣ ба мисоли Ал-Қоида, Толибон ё ДИИШ робитаҳои зич доранд, ҳамкориҳоро ба роҳ монда дар нишастҳои худ, ба онхо минбарҳо медиҳад. Мо кормандони рӯзномаи «Кӯшониён»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ҷамъомади бемаънии хоинони миллатро маҳкум менамоем.
Фарҳод Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи Кӯшониёни ноҳияи Кӯшониён.