Рӯзи 5 октябри соли равон, бахшида рӯзи забони давлатӣ бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, Ќосимзода Идигул, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, А.Раҳмонзода раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, А.Хонзода роҳбари Дастгоҳи КИМ ХХДТ, бинои нави ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар вазъияти тантанавӣ ва идона ба истифода дода шуд. Ҳамзамон Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён ва дигар меҳмонони олиқадр, ба ифтитоҳ додани бинои ҳизб ва ба Рӯзи забони давлатӣ, табрикоти худро ба кулли ҷамъомадагон расониданд.
Дар чорабинӣ тамоми сокинони ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия, ки зиёда аз 5000 нафар ҷамъ омада буд, иштирок намуданд. Пеш аз оғози кушодашавии бинои ҳизб, намоиши дастовардҳои ҳунарӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзони ноҳия ба марази тамошо гузошта шуда буд, ки аз тарафи меҳмонон баҳои баланд дода шуд.
Баъд аз истифода додани бинои ҳизб, меҳмонониолиқадр, ба макони баргузории чорабинӣ гузашта, гулдастаи фарҳангиро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ тамошо намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, гулдастаи зебо аз номи Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, ба аҳли ҳунар тақдим гардид.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:
Кӯшониён