Тоҷикистон дар остонаи 25- умин солгарди ҷашни Конститутсияи нави давлати демократӣ, соҳибистиқлол, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Бо шарофати истиқлолият ва озодии воқеӣ буд, ки мо аз бумбасти коммуникатсионӣ расман баромадему дар роҳи баромадан аз истиқлолияти комили энергетики ва таъмини амнияти озуқаворӣ гомҳои устувор гузоштем. Конститутсияи мо ҳуҷҷати таърихӣ, симои миллати куҳанбунёдимо мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонашро таъмин намудааст. Таърихи қабули Конститутсияи нави мо сар оғози таърихи нави миллат ва тамаддуни он башумор меравад.
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор медорад, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои кишвар ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ минбаьд низ саъю кӯшиши худро ба эътирофу риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликияти моддиву маънавии онҳо, эҳтиром ба дину оин, дахлнопазирии шахс ва расму анъанаҳои миллии кулли сокинони мамлакат равона месозад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН.
Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ бо тарафдории 94,4 фоизи аҳолии дороӣ ҳуқуқӣ интихоботӣ овоз гирифта, роҳи ояндаи тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро муайян намуд, ки он аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Инҷо метавон аз бобҳои ёдоварӣ кард: боби якум. Асосҳои сохтори Конститутсия (аз моддаи 1 то моддаи 13), боби дуюм. Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (аз моддаи 14 то 47), боби сеюм. Маҷлиси Олӣ (аз моддаи 48 то 63), боби чаҳорум. Президент (аз моддаи 64 то 72), боби панҷум. Ҳукумат (аз моддаи 73 то75), бобишашум. Ҳокимияти маҳаллӣ аз моддаи 76 то 80). боби ҳафтум. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (аз моддаи 81то 83), боби ҳаштум. Суд (аз моддаи 84 то 92). Боби нуҳум, Прокуратура(аз моддаи 93 то 97), боби даҳум. Тартиби тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (аз моддаи 98 то 100). Вазифаи асосии мост, ки ба насли наврасу ҷавон фаҳмонида диҳем, ки фарқияти Конститутсияи нав аз Конститутсияҳои қаблии солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 дар чист ва чи имтиёзҳоро дорад. Бояд ҳамсолон ва ҷавонону наврасон ба таври равшану возеҳ донанд, ки то истиқлолият ва қабули Конститутсияи нав сохти идоракунӣ, низоми сиёсӣ, идеология, маданият ва тамаддуни мо тамоман дигар буд. Мувофиқи баёни коршиносон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади демократитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар шудааст. Бо зарурияти талаботи замон ба ни ҳуҷҷатн сарнавиштсоз 26-уми сентябри соли 1999, 22- уми июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Яке аз вазифаҳои дигари мо ҳамин иловаҳои воридкардаро ба Конститутсия моҳирона ба ҳамсолону ҳамкорон ва шогирдон кушода додан мебошад.
Махсусан, дар рафти райъпурсин дуюми умумихалқии соли 2003 ба 57 моддаи Сарқонун ворид кардани тағйироту иловаҳо зарур шуда буд, ки он ба як қатор ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқи иҷтимоӣ, таҳсил, муҳлати ваколати Президент, судяҳо ва ғайраҳо дахл доштанд. Насли мо бояд аз хурдсолӣ дар руҳияи ҳурмати бепоён ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон, ба сарватҳои моддиву маънавии кишвар ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шараф тарбия ёбанд. Хулоса, Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, тавсифномаи сохтори ҷамъиятӣ, тарозуи амали қонунҳо ва асоси адлу инсоф дар ҷомеа мебошад. Барҳақ Конститутсия асоси хушбахтӣ ва бахтномаи миллати мост.
Амирзода Аловудин, сокини ноҳияи Кӯшониён