Садоқат ба Пешвои миллат, ин садоқату самимият ба Ватану миллат аст

   Мо натанҳо ҷавондухтарон, ҳар як зан-модар имрӯз бо ифтихор мегӯяд, ки ман як Ватан дорам, номаш Тоҷикистон мебошад! Президенти Тоҷикистони азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо пешвою Ќаҳрамони миллат аст, балки дар олами башарӣ ҳамчун Пешвои асри ХХI эътироф гардида, дар қатори 500-умин мусулмони беҳтарини дунё бори дигар пазируфта шудааст. Барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шоҳсутуни қасри бегазанди миллату давлати мост, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон алалхусус мо занону ҷавондухтарон ба он бо бовари такя кардаем ва ба ояндаи дурахшони ин сарзамини биҳиштосо бовари дорем, паи беҳтар гардидани ватани азизамон бо роҳбарӣ худододамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳимат бастаем. Таърих гувоҳаст, ки ҳамеша дар марҳалаи гузариш ба шакли нави тараққиёт дар саргаҳи раванди иҷтимоӣ ва давлатсози абармарде зуҳур мекунад, ки ҷаҳду талош, ҷасорату рӯҳи шикаст нопазир, дарку эҳсоси баланди худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот дар шарёнашон ҷӯш мезанад. Дар масири обод намудани ватан масъулияти роҳбарии корвони сиёсатро ба дӯш доштан кори саҳл нест, вале мо занон бо илҳом аз дастовардҳои Тоҷикистони азиз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо аъзои ин ҳизби пешсафу созандаем дар он андеша ҳастем, ки: То он даме, ки Пешвои муаззами кишвар ва ҳизби мо раҳнамои мардум аст, Тоҷикистон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони пешрафтаву шукуфон аст ва Эмомалӣ Раҳмон Пешвои самимию мардуми ҳамаи мо Тоҷикистониён аст! Ин афкори созандаро мо ҷавондухтарон, хусусан омӯзгорони ҷавон, ки тибқи Квотаи Президенти таҳсил намуда, сарбаландона адои вазифа дорем, дар тамоми чорабиниҳои мактабӣ, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо наврасон тарғиб намуда истодаем. Дар ҳамин замина самти асосии мо ҷавонон хусусан мо занону модарон, ки Пешвои маҳбуби миллат ба мо бо бовари ҳамчун неруи созанда такя намудаанд бо бурдани тарғибу ташвиқи сиёсати устувори Роҳбари давлат, ҳидояти мардум ба ободкориву таҳкими худшиносии насли ҷавони созандаву бунёдкор ва ҳадафҳои устуворе арзёбӣ мешаванд, ки ҳамасола дар Паёми роҳбари давлат муайян ва мушаххас мегарданд. 

        Метавон бо бовари гуфт, ки имрӯзҳо ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ содиқона хизмат намуда истодаанд. Яъне тамоми мардум устуворона дар атрофи ғояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол –Ватани маҳбуби ҳамаи мо» ва ҳизбамон зери ғояи мафкурасозандаи “Каъбаи умеди мо халқ асту бас!” муттаҳид шудаанд, ки ин беҳтарин интихоб ва омили муҳими якдилию як маромии мо сокинон алалхусус дар умум мо ҷавондухтарони сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо аст. Мо ҷавонон бо дарки масъулияти баланди мақоми худ дар ҷомеа, ки созандагони имрузу фардои ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистони биҳишосо ба ҳисоб меравем итминони комил дорем, ки тамоми пешрафт ва таҳаввулоти ҷомеаи навини Тоҷикистони азиз бо роҳбарии тавонманди ҳизби мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иртиботи  қавӣ дорад. Пас садоқат ба Президент, садоқат ба Ватанаст, самимият ба Президент самимият ба миллат аст, арҷгузорӣ ба ташаббусҳои Президент арҷгузоштан ба муқаддасоти миллист. Занону модарони гиромӣ биёед хишти нангу номуси ватандориро болои хишти хештаншиносӣ зам карда, девори ифтихори миллии худро баландтар бардорем ва устувору по барҷо намоем. Ин роҳи ягонаи таъмини ҳар шаҳрванди кишвар ба шароити арзандаи зиндагист. Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки як порчагии Ватани азизамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем ба муқаддасоти давлату миллат арҷгузорем, насли наврас ҷавонону наврасон, дар мадди аввал фарзандони худ, дӯстону ҳамсолону ҳамсафони худро ба роҳи рост ҳидоят намоем, барои Тоҷикистони азизамон ҳамеша саҳмгузор бошем.

 

Мадинаи Шамсиддин, омӯзгори муасиисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.