Рӯзи 31 октябри соли равон, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии финалии Ҷоми вилояти Хатлон-2019 миёни дастаҳои “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон ва “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллоева, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилоят Исроил Шарипов ва собиқадорони футболи вилоят иштирок намуданд. Ин бозии пуршиддатро мухлисони зиёд аз варзишгоҳ ва тавассути ТВ “Футбол” мустақиман тамошо карданд. Сарфи назар аз талошҳо ва имкониятҳои чандинкаратаи бозигарони дастаи “Моҳир”, ба онҳо муяссар нашуд, ки дар давоми 90 дақиқаи дидор тӯби худро вориди дарвозаи ҳариф гардонанд. Аммо як ҳамлаи футболбозони дастаи “Кӯшон” дар дақиқаи 41-уми қисми якуми дидор бобарор анҷом ёфт. Голи ягонаи вохӯриро Иброҳимов Бахтиёр ба ҳадаф расонид ва ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Бо ҳамин, дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён барандаи Ҷоми вилояти Хатлон дар соли 2019 шуд. Ќобили зикр аст, ки ҳар ду даста пешсафи Лигаи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии вилояти Хатлон оид ба футбол дар соли ҷорӣ мебошанд. Ҳаводорони футболи вилоят метавонанд, дидори мазкурро соати 20:40 тавассути ТВ “Варзиш” такроран тамошо намоянд.