Рӯзи 5 ноябри соли равон, дар толори Кохи фарҳангӣ ноҳия, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассиса ва сокинони ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал бо сухани табрикотӣ Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён баромад намуд. Дар табрикоти худ, ӯ кулли мардуми ноҳия ва иштирокчиёни чорабиниро бо ин рӯзи сарнавиштсоз ва қабули Конститутсияи миллӣ табрику муборакбод намуд. Инчунин дар чорабинӣ С.Давлатзода, раиси суди ноҳия ва якчанд нафарони дигар суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад ҳунармандони филармонияи халқӣ ва тарбиятгирандагони мактаби мусиқии наврасони шуъбаи фарҳангӣ ноҳия, барномаи фарҳангии хешро, пешкаши аҳли нишаст намуданд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ:
«Кӯшониён»