Рӯзи 6 ноябри соли равон, бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Бобиободи Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия, филиали мактаби миёнаи умумии №60 барои 60 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, фаъолони ноҳия, омӯзгорони муасисаҳои таълимӣ ва сокинони деҳа дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Бинои мактаби мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, муассисаҳои динии ноҳия, шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа бо харҷи беш 200 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Бояд қайд намуд, ки хонандагони хурдсоли ин деҳа аз дур будани роҳ, ки зиёда аз 4 километрро ташкил медод, хусусан дар фасли тирамоҳу зимистон азият мекашанд. Бо кушода шудани филиали мактаб метавонанд бе мамоният ва сари вақт ба дарс ҳозир шаванд. Бинои мактаб аз 4 синфхонаи барҳаво ва 1 синфхонаи омӯзгорон иборат буда, бо тамоми лавозимот ва айёниятҳои дарсӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
«Кӯшониён»