Савгандёдкунии наваскарон, дар рӯзи таҷлили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      6 ноябри соли равон, дар рӯзи таҷлили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки дар ноҳияи Кӯшониён ҷойгир аст, савгандёдкунии 135 нафар наваскарон, бо иштироки А.Латифзода, генерал майор, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, роҳбарияти қисми низомӣ ва падару модарони наваскарон бо тантана баргузор гардид. Бо сухан ва ҳидоятҳои нек, А.Латифзода муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вализода Икромиддин Сироҷиддин иҷрокунандаи раиси ноҳияи Кӯшониён, аз наваскарон даъват ба амал оварданд, ки ба савганди ёдкардаи хеш содиқ бимонанд ва сазовори боварии Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд. Меҳмонони олиқадр инчунин минатдории хешро ба падару модарони наваскарон баён намуда, ба роҳбарияти қисми низомӣ барои ташкили чорабинӣ баҳои баланд доданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, аҳли санъати ноҳияи Кӯшониён бо гулдастаи ҳунарии омода гардида, баромад намуданд.

kismi nizomi 2.jpg

 

«Кӯшониён»

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.