Конститутсия омили муҳимтарини кафолати устувории оила

     Конститутсия волотарин дастовард, асоси суботу рушди ҷамъият ва асоси ифодаи ормонҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир буда, самти равиши дурусту ояндадори низоми ҳуқуқии кишварро бо арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад. Ќабули Конститутсияи соли 1994, ки мо дар арафаи 25 – солагии он қарор дорем, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихӣ ҳамчун сарчашма ва бақои миллат арзёбӣ карда, чунин зикр намуданд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».

    Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносони сатҳӣ байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ яке аз панҷ Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия моддаи махсус ба масъалаи оила бахшида шудааст. Оре, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Он заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дода, ҳамаи дигаргунињои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятиро дар худ таҷассум намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати арзиши олӣ эътироф кард. Бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия моддаи махсус ба масъалаи оила бахшида шудааст. Дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд, озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Яъне, Конститутсия омили муҳимтарини кафолати устувории оила буда, дар асоси он ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои конститутсионии худро риоя карда, аз он баҳравар мегардад. Дар Конститутсия фарогир гардидани ҳадафҳои олии давлату давлатдорӣ ифодагари он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ воқеан санади муҳим ва калидии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон буда, муаррифкунандаи давлату миллат дар ҷаҳони мутамаддин ва таъминкунандаи амалишавии орзуву ниятҳои созандаву бунёдкоронаи ҷомеаи мо мебошад.

 

Гулракат Холиқзода, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.