Дар асоси Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 30 ноябри соли 2018, №266 «Дар бораи нақша чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2019, фармоиши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз 25 октябри соли 2019, №79, фармоиши сардори мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён аз 12 ноябри соли 2019 №13 бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар ҳафтаи сипаригардидаи соли 2019 дар хадамоти Комуналӣ-техникии ноҳияи Кӯшониён доир ба мавзӯи: « Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании хадамот ҳангоми эвакуатсия намудани аҳолии ноҳия” машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
То саршавии машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ, Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамкорӣ бо Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании хадамоти Комуналӣ-техникии ноҳияи Кӯшониён ҳуҷҷатҳоро оиди гузаронидани машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ омода намуда, барои гузаронидани машқ шароиту имкониятҳоро муҳайё намуд.
Дар рӯзҳои гузаронидани машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, қувваю воситаҳои хадамот ҷалб карда шуданд.
Машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар хадамоти Комуналӣ-техникии ноҳияи Кӯшониён ба талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии мудофиаи гражданӣ мутобиқ буда, ҳафтаи сипаригардаи соли 2019 соати 7:00 дақиқа ба воситаи нуқтаи идоракунии алоқа ва хабардоркунии ноҳия бонги «Ҷамъшавӣ» барои ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии мудофиаи граждании хадамоти мазкур эълон карда шуд.
Соати 8:10 дақиқа ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии мудофиаи гражданӣ, қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ, гуруҳҳои ғайринизоми дар толори маҷлисгоҳи хадамот ҷамъ омада, аз тарафи сардори Ситоди роҳбарикунандаи машқ ба онҳо мақсаду мароми гузаронидани машқ фаҳмонда дода шуд.
Сипас аз тарафи сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён гуруҳҳои ғайринизомии звенаҳои таркибии мудофиаи гражданӣ санҷида шуд.
Гуруҳҳо ва звенаҳои таъсис додашудаи мудофиаи граждании хадамоти Комуналӣ-техникии ноҳияи Кӯшониён ба ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода, як қатор корҳоро ба сомон расонида, ҳуҷҷатҳои соҳаи мудофиаи гражданиро тартиб доданд.
Мақсади асосии гузаронидани машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар хадамоти Комуналӣ-техникии ноҳияи Кӯшониён ин ҳам бошад пеш аз ҳама пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар назди бинои хадамоти Комуналӣ-техникии ноҳияи Кӯшониён бо таври амалӣ ҷараён гирифта, корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми сар задани офатҳои табии ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода бо таври амалӣ ба иштирокчиён намоиш дода шуда, бори дигар омодагии ҳайати шахси ва қувваю воситаҳои хадамот ба таври амалӣ санҷида шуд. Дар машқи мазкур 25 – нафар иштирок намуданд ва 2-адад нақлиёт истифода шуд.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва
мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
Капитан Қуватзода Д. Қ.