Тантанаҳои ҷашни «Рӯзи Парчам»-и давлатӣ дар ноҳия

   Ҳафтаи сипаригардидаи соли равон, бахшида ба «Рӯзи Парчам»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази ноҳия бо иштироки зиёда аз 6 ҳазор нафар сокинони ноҳия, роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, дар табрикоти худ қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бӯсидану ба чашмон молидан, зери ливои ҷовидона рӯйи саҳнаи сиёсат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек барои мардуми Тоҷикистон гардида, инак дар фазои сулҳу суббот ва ваҳдати комил Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон партавафшонӣ менамояд.

    Ин Парчами зебо мавҷудияти давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷиконро тасдиқ карда, дар қатори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатдорӣ, демократию ҳуқуқбунёд, дунявию башардӯст ва ҷонибдори сулҳу ҳамкориҳои осоишта будани давлатӣ тоҷиконро  ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ оини парчамдориро гиромӣ медоштанд. Ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошту дорад, ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Посдоштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин посдоштан ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху сунатҳои халқу кишвари худ аст. 

    Дар фарҷоми чорабинӣ, аз тарафи санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия, барномаи зебои фарҳангӣ пешкаши тамошобинон ва меҳмонони чорабинӣ гардонида шуд.

 

IMG_9012-3.jpg  IMG_9026-2.jpg

 

 

«Кӯшониён»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.