Санаи 3 декабри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён ва бо иштироки Одиназода Бекиҷон, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон корманди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулхайр Солиев, корманди Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раҳимбеков Виҷдон, корманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқӯқи ноҳия ва занони фаъоли ноҳия вохӯрии судманд сурат гирифт.
Одиназода Бекиҷон дар маърузаи худ, оид ба таърихи пайдоиши интихобот, ҳуқуқҳои дар интихоботҳо иштирок намудани занон ва дигар масъалаҳои нақши занон дар ҷомеаро қайд намуд. Инчунин оид ба тартиби баргузории интихоботҳо, дар дигар давлатҳои дунё, тартиби баргузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи маъракаи интихоботиро маънидод намуд. Хамзамон иштирокчии дигари гурӯҳи корӣ А.Солиев оид ба Барномаю Стратегияҳои қабул гардида, дар самти дастгирии занон, ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ ва аз ҳисоби занони болаёқат зиёд намудани ҳайати занони роҳбар суханронӣ намуд. Корманди Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ бо таҳлилҳои пурмуҳтаво оид ба нақши занони ҷумҳурӣ дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, иштироки занон дар чорабиниҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ ва дастгирии занон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Махсусан таъкид гардид, ки аз ҳисоби занон имрӯзҳо ҳайати роҳбарикунанда ва ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ва дар ҳар интихоботҳо бештар гашта истодааст.
Аксҳо аз рафти вохӯри:
«Кӯшониён»