Родмардони шуҷои Ватан

ҲОМИД БОБОЕВ - Ин меҳтари ҷанг соли 1920 зода шудааст. Соли 1941 баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёран ба фронт рафта, дар ҳудудӣ давлатҳои Украина ва Беларуссия дар набардҳои зидди фашистони малъун иштирок кардааст. Баъди аз ҷанг баргаштан соли 1943 дар хоҷагии халқи кишварамон пурмаҳсул меҳнат намуда, дар тарбияи ахлоқию фарҳангии насли ҷавон ҳисса гузоштааст. Сокини деҳаи Қизилқучи ноҳияи Кӯшониён буда, сари синаи ӯро ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 5-медали ҷашни ба ифтихори Ғалаба бар фашизм, садсолагии Маршал Жуков,  100-солагии Ленин,  40-солагӣ, 50-солагӣ, 60-солагӣ, 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ зиннат медиҳанд. Маъюби гурӯҳӣ дуюм мебошад.

ШАРИФ САТТОРОВ

         Соли таваллудаш 1923 буда, соли 1943 ба фронт рафтааст. Дар ҳайати фронти дуюми Сталинград то итмоми ҷанг корнамоиву мардонагӣ нишон дода, соли 1945 ба Ватан баргашт. Бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи дуюм, 14-медали ҷашнӣ ба ифтихори Ғалаба ва бузургдошти Артиши Шӯравӣ қадр гардида, маъюби гурӯҳи дуюм ва сокини деҳаи Лоиқ Шералии ноҳияи Кушониён мебошад.

 

Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.