Бо мақсади корҳои ободонию созандагӣ, тозагии кӯчаю маҳалҳо, вусъат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, рӯзи 7 декабри соли равон, дар тамоми ноҳия шанбегии умуми ноҳиявӣ эълон гардид. Дар шанбегии маркази ноҳия ш.И.Сомонӣ, кормандони тамоми ташкилоту идораҳо зиёда аз 1000 нафар иштирок намуда, ҳамзамон бо иштироки онҳо назди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ корҳои нармкунии замин, баровардани партовҳои сохтмонӣ ва дигар корҳо ба анҷом расонида шуданд. Инчунин дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз тарафи кормандони ташкилоту корхонаҳо шинонидани тухми гули лола ба роҳ монда шуд.
Аксҳо аз рафти шанбегии Ҷ.д.С.Истиқлол:
«Кӯшониён»