Ҷавонон идомабахши ҳадафҳои олии кишваранд

       Ҳафтаи сипаригардидаи соли равон тибқи Низомнома, оид ба баргузории мусобиқаи Футбол барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи Футбол байни дастаҳои ноҳияи Кӯшониён ва ноҳияи Вахш баргузор шуд, дар мусобиқаи Футбол, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ноҳияи Кӯшониён ва ноҳияи Вахш, устодон ва варзишгарони калонсол ширкат варзиданд.

       Масъулини ҳизб пеш аз оғози мусобиқа ба иштироккунандагон зикр намуданд, ки “Воқеан, имрӯз кулли ҷавонони созандаи тоҷик шукронаи диёри ҳамешабаҳор ва ташаббусҳои оламгири Президенти ҷавонпарвари кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро карда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳимоятгари асили фарҳангу суннатҳои неки ниёгон ва идомадиҳандаи ташаббусҳои наҷибу бунёдкоронаи насли калонсол ҳастанд.

       Мусобиқаи Футбол 3 ба 1 ба фоидаи дастаи ноҳияи Кӯшониён анҷом ёфт.

 

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.