Санаи 10 декабри соли 2019, дар ҳамкорӣ боташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», дастгирии молявии Шуъбаи робита бо ҷомеаи сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», дар доираи лоиҳаи «Маъракаи иттилооти-ҷамъиятӣ», дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, намоиши саҳнача, барои кормандони ташкилоту идораҳо, ҷамоатҳо, раисони маҳал дар мавзӯи тарзи қабули шаҳрвандон, муошират ва муомила баргузор гардид. Саҳначаи мазкур аз тарафи ҳунармандони теарти давлатии вилояти Хатлон ба номи Ато Муҳмадҷонов рӯи саҳна оварда шуд, аз тарафи иштирокдорон саҳначаи мазкур ба хушнуди пазируфта шуд. Дар фарҷоми чорабини ба 20 нафар кормандони намунавии ноҳияи Кӯшониён, ки ҳангоми пурсишнома муайян гардиданд, бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Аксҳо:
«Кӯшониён»