Ободии Ватан кори мост!

       Санаи 13 декабри соли равон Анҷумани 13 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар кори ин чорабинии баландмақом аз ноҳия беш аз 40 нафар вакилон, ки ҳар яке дар касбу кори гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият доранд,   бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва ташкили корҳои ободонию созандагӣ  ҳозир шуданд.

       Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти ҳамешагии доимӣ  дошта, дар ҳамгиройии зич бо қишрҳои фаъоли ҷомеа дар роҳи таъмини амният ва суботи томи сиёсӣ саҳми бузург дорад. Аъзоёни ҲХДТ дар раванди ҷомеасозӣ  бо риояи ҳатмии  меъёрҳои демократӣ қадам гузошта, барои расидан ба рӯзгори осудаву шоиста марҳала ба марҳала Барномаи ҳизбро амалӣ менамоянд. Зимни татбиқи садоқатмандонаи  ҳадафҳои барномавии  ҲХДТ  ватани маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардида,   стратегияхои муҳими давлатамон таъмин карда шуданд. 

       Айни замон, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия тамоми кӯшишу ғайрати хешро  дар сатҳи баланди омодагиҳо, руҳияи баланди худогоҳии миллӣ, дар фазои амну осоиш ва бунёдкориҳои бемайлон истиқбол кардани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона равона карда, меҳнати содиқона доранд. Дастуру роҳнамоиҳои Роҳбари ҳизбамон ҳамеша сармашқи кору фаъолият ва рӯзгори ҳар як узви ҳизб дониста шуда, бахри дар амал татбиқ гардидани он худро масъул меҳисобанд. Дар Анҷуман Пешвои муаззами ҲХДТ бори дигар  ҳизбиёнро аз мушкилотҳои ҷаҳони муосир, хатарҳои бузурги терроризму экстремизм, душмании руйирости  намояндагони собиқ ҳизби сиёсӣ, хатарҳои дохилии ба вуқӯъомада ҳушдор намуда, таъмини амнияти милливу давлатиро вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳисобиданд. Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест ва барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи азим, имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва  маърифати мукаммал доштан, зарурат дорад. Аз рӯ, ҳамаи аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва ё  ниҳодҳое, ки  ба фаъолият оғоз мекунанд, аввалан баҳри оромиву осудагӣ бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ дар ободонии кишвар саҳм бигиранд, аз ҷониби дигар дар олами ботинии шаҳрвандон  ватандӯстиву   инсонгаройиро  талқин ва тарбият бидиҳанд. Ҳифзи давлату ватани маҳбубамонро қарзи шаҳрвандиву фарзандӣ  ҳисобида, барои ҳифзи диёри арҷмандамон–Тоҷикистон ҷони худро дареғ надоранд!

 

Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Шукруллозода Д.  

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.