Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зан-модар тамоми шароитҳои лозимаро муҳайё намуда, онҳоро аз лиҳози қонуни ҳифз мекунад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2018, бори дигар ба ин масъала дахолат карда шуд. Сардори давлат ҳанӯз соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда, дар асоси Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор фармону амрҳо оид ба баланд бардоштани мақому манзалати занону духтарон ба тавсиб расонда шуд. Дар замони Истиқлолияти давлати нисбати зан-модар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои мушаххас ва чорабиниҳои иловагӣ дар ин самт андешида шуданд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуд. Аз моҳи сентябри соли 1998 Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 1998-2005 қабул гардида буд. Дар баробари ин «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2001-2010 ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида шуданд. Ҳамин тариқ таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлоли бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон беҳтар гашта, онҳо баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст. Лозим ба ёдоварист, ки 20 сол муқаддам дар ҳамин рӯз, яъне 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расид.Ин фармон баробарии гендерии занонро дар идоракунии мақомоти давлатӣ дар баробари мардон сол то сол афзуда, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мавқеи занро дорост.Иштироки зан дар идаракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошад,ки чунин вазъи иҷтимои ва ҳуқуқи занон дар дигар давлатҳо кам ба назар мерасад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 то ин ҷониб Барномаи давлатии «Тарбияи ва ҷобаҷо гузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарон» амал мекунад.Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳама вохуриашон диққати аввалиндараҷаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон медиҳанд. Таъсиси Квотаи Президенти барои духтарони маҳаллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат барои дохил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дода мешаванд. Баъди хатмкунӣ дар навбати аввал духтарон бо ҷойҳои кори таъмин карда, аз ҳамаи имкониятҳо бархурдор мешаванд. Боиси қайд аст, ки дар соли 2005 ба маҷлиси намояндагон 11 нафар зан интихоб гардида буд, ки 17,5 фоизи вакилонро ташкил менамуд. Ба Маҷлиси миллӣ 4 нафар, маҷлисҳои вакилони халқҳои вилоятҳо-34 нафар,шаҳрӣ-93 нафар ва ноҳиявӣ 291 нафар интихоб гардиданд,ки ин нишондиҳандаи хеле баланд мебошад. Дар сатҳи олӣ-Маҷлиси намояндагон занон раиси кумитаҳои онро 2 нафар ба ӯҳда даштанд. Дар фарҷом мехоҳам бо суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромади худро расонида,қайд менамоям ки чунин гуфтаанд: «Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарикунанда дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлати».
Итминони комил дорам, ки занон дар интихобот ва Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохуриҳо ва маъракаҳои пеш аз интихоботӣ дар байни аҳолӣ баҳри тарғиби ғояҳои хештаншиносӣ, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, бештар ширкат варзида, дар пойдории сулҳу субот, таъмини оромию осудагӣ дар Тоҷикистони азиз дар баробари мардон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Кӯшониён
Холиқзода Г. А.