Рӯзи 12 декабри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, бо намояндагии Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати панҷум баргузор гардид.
Рӯзномаи иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Дар бораи ҳисоботи кории иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён дар соли 2019.
2. Дар бораи тасдиқи лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2020 ва иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2018.
3. Дар бораи тасдиқ намудани меъёри андози маҳаллӣ барои соли 2020.
4. Дар бораи муқарар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тасдиқи Комиссияи интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён.
5. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён барои соли 2020.
6. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Кӯшониён.
Сараввал аз рӯи масъалаи якум, ҳисоботи кории Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён барои соли 2019 шунида шуд. Дар ҳисоботи кории худ Вализода Икромиддин Сироҷидин, оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020-умро пешниҳод намуд. Бахусус қайд гардид, ки дар соли 2019-ум дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дастовардҳои назаррас ба даст омада, корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 324 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва ин шумора бояд зиёд карда шавад, қайд намуд Вализода Икромиддин Сироҷидин.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия, оид ба тасдиқи лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2020, ҳисоботи А. Чиллазода, сардори Раёсати молияи ноҳия шунида шуд. А. Чиллазода иброз доштт, ки ҳаҷми умумии буҷети ноҳия дар соли 2020 аз рӯи даромад ба маблағи 92 миллиону 380 ҳазору 348 сомонӣ пешбинӣ гаштааст. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия, оид ба меъёри андози маҳаллӣ Ф.Раҷабзода, сардори Нозироти андози ноҳия суханронӣ намуд.
Ба роҳбарони Раёсати молия ва Нозироти андози ноҳия супориш дода шуд, ки барои иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷет ва сарфакорона истифода бурдани он, пардохти нафақа, музди меҳнат, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, муҳаё намудани шароити мусоид ба соҳибкорон ва дастгирии онҳо, беҳтар намудани хизматрасонии савдо, содири маҳсулот ба хориҷӣ кишвар, иҷрои нақшаҳои андоз аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ, кам намудани бақияпулиҳои андоз, пешгири намудани ҳодисаҳои аз андоз пинҳон кардани даромадҳо ва сари вақт ба қайд гирифтани андозсупорандагон, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис, иҷрои сари вақтии нақшаҳои тасдиқ намудаи даромадҳои давлатӣ ва дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд,»- афзуд Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён. Дар идомаи иҷлосия дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба хотири пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагиҳои халқи ноҳия аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фарҷоми иҷлосия Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум, ки ваколаташон ба итмом мерасад, барои фаъолияти пурсамарашон миннатдории хешро баён намуд.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:
“Кӯшониён”