Аёдати ниёзмандон ва шахсони имконияташон маҳдуд

       Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба дастгирии ниёзмандон, шахсони имконияташон маҳдуд ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ба як қатор сокинони ноҳия аз ҷумла иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ хизмат намудаанд, оилаҳои ниёзманд ва шахсони имконияташон маҳдуд кӯмаки як вақтаина, ба монанди маводи ғизоӣ орд, равған, шакар ва биринҷ, инчунин ба як нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд аробачаи маъюбии кӯдакона аз тарафи раиси ноҳия ва ҳамраҳонаш  расонида шуд.

       Бояд қайд намуд, ки ин иқдом ҳусни анъана гирифтааст ва доимо ба ниёзмандон дар рӯзҳои ид ва дигар ҷашнҳо, аз тарафи раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони ноҳия кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

Аксҳо аз рафти вохӯриҳо:

IMG_9276-2.jpg IMG_9282-3.jpg

IMG_9294-4.jpg IMG_9300-5.jpg

 

«Кӯшониён»

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.