Бо мақсади шиносоӣ аз ҳолати вазъи таълиму тарбия, донишандӯзии хонандагон, риояи сару либоси мактабӣ ва давомоти хонандагон, дар муассисаҳои таълимии ноҳия, тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, давра ба давра аз тарафи роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён, тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки соҳаи маорифи ноҳия дар мадди назари доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён қарор дошта, сол то сол дастгирӣ ва маблағгузории ин соҳаи муҳим бештар гашта истодааст.
Дар соли 2019 дар ноҳияи Кӯшониён бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, дар 30 муассисаи таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, дар назди муассисаҳои таълимии №26 ва №60-и ноҳия, филлиалҳои ин муассисаҳо барои хонандагони синфҳои поёнӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия сохта ба истифода дода шуд.
Аксҳо аз рафти омӯзиш:
«Кӯшониён»