Вазъияти имрузаи офатҳои табии тамоми олам моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ба пешгирии офатҳои табиӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем, зеро бисёр офатҳо ба ташаккули инсоният таъсири бениҳоят калон расонда, ночории онҳоро зиёд менамояд.
Боиси зикр аст, ки сарҳади соҳили чапи дарёи Вахш аз ҳудуди ноҳияи Кӯшониён 40 км тул кашида аз ин миқдор 14 км ҳамчун минтақаи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамасола бо баланд гардидани сатҳи оби дарёи Вахш дар ин масофа шусташавии саддаҳо ба амал омада, боиси зери об мондани заминҳои кишоварзӣ ва хавфи шусташавии манзилҳои истиқоматии аҳолиҳои деҳаҳои Сари Пул, Дустӣ дигар маҳалҳои аҳолинишини Ҷамоати шаҳраки Бохтариён ва мавзеъи Литсейи Президентии хонандагони болаёқати ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа мегардад.
Бинобар ин ба хотири пешгирии офатҳои табии ҳамасола дар мавзеъҳои хавфноки ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз ҷониби шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамбастагӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ташкил ва ба роҳ монда шуда, тадбирҳои мушаххас дар ин мавзеъҳои мазкур андешида мешаванд.
Бинобарин дар моҳи январи соли ҷорӣ аз ҷониби Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавкулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия капитан Қуватзода Д, афсари калони шуъба лейтенанти хурд Сафаров Э. ва афсари шуъба лейтенант Раҳматов Ҷ. ҳолати воқеии саддаҳои (обгардон)-и дарёи Вахши деҳаҳои Дустӣ ва Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариён дида баромада шуд. Дар мавзеи деҳаи Дустӣ ба мо зарур аст, ки саддаҳои муҳофизатии соҳили дарёро дар масофаи дарозии 200 метр, паҳноии 6 метр ва баландии садда 6 метр аз нав сохта барқарор намоем ва дар баробари ин бо сокинони деҳаҳои Дустӣ ва Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариён вохуриҳои судманд баҳри ташкили корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва симтурбандӣ тариқӣ ҳашари дастаҷамъӣ гузаронида шуд. Дар баробари ин бо роҳбарони як қатор корхонаҳои сангу шаѓалбарори ноҳия, ки қад-қади соҳили чапи дарёи Вахш фаъолият карда истодаанд, аз ҷумла ҶДММ «Сомонҷон», ҶДММ «Носирҷон», ҶДММ «Санги Вахш», ҶДММ «Котон-ансор», ҶДММ «Рушди Водии Вахш» ва ҶДММ «Ганҷи Бохтар»ва ҶДММ «Ҳоҷи Али» суҳбату вохурҳои шифои оиди ҳамкориҳои судманд баҳри ташкил намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуда, рӯзҳои наздик дар мавзеъҳои саддаҳои харобгаштаи деҳаҳои Дусти ва Сари Пули Ҷамоати шаҳраки Бохтариён тариқи ҳашари дастаҷамъӣ дар якҷоягӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия корҳои мустаҳкам кардани соҳили дарёи Вахш гузаронида мешаванд.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва
мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
Капитан Қуватзода Д.Қ.