Вохӯрии гурӯҳӣ корӣ, бо фаъолон ва аъзоёни комиссияи интихоботии ноҳияи Кӯшониён
Санаи 7 январи соли равон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, Зариф Ализода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Марҳабо Олимӣ, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Шарипов, ҳуқуқшинос, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фаъолон, раисони участкаҳои интихоботӣ ва аъзоёни комиссияи интихоботӣ вохӯрии судманд баргузор гардид. Зариф Ализода ҳангоми баромади худ, оид ба тартиби баргузории интихобот дар участкаҳои интихоботӣ, бақайдгирии номзадҳо, раванди корбарии аъзоёни участкаҳо ва шароити хубӣ кори муҳайё намудан дар нуқтаҳои овоздиҳӣ қайд намуданд. Бояд рӯзи баргузории интихобот фазои идона дошта бошад ва даъватномаҳои интихобкунандагон бояд мувофиқи талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба интихобот сари вақт дастраси шаҳрвандон гардонида шавад, қайд намуд Зариф Ализода.
Инчунин таъкид гардид, ки барои шахсони имконияташон маҳдуд ва шахсони солхӯрда ва барҷомонда, дар рӯзи баргузории интихобот, шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Марҳабо Олимӣ, миннатдории хешро барои баргузории чунин шароити мусоид барои вохӯрӣ баён намуда, қайд намуданд, ки ҷиҳати ҷалб намудани тамоми табақаҳои ҷомеа алалхусус занони хонашин ба интихобот чораҳои зарурӣ андешида,гурӯҳои таблиғотӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд. Зеро, ки занону ҷавондухтарон бештари вақт бо корҳои рӯзғордорӣ машғул буда, аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ бояд дар канор намонанд, ин нуқтаи муҳим дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, қайд намуд Марҳабо Олимӣ. Саъдӣ Шарипов дар маърӯзаи худ, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии баргузории маъракаи интихобот қайд намуда, аз аъзоёни комиссияи интихоботӣ хоҳиш гардид, ки ҷиҳати ташкили рӯйхати интихобкунандагон ба хусус шаҳрвандоне, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ҷои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ бояд тозаю озода буда, тамоми он айёниятҳо ва нишонаҳои интихоботӣ насб гардида бошанд. Баъд аз суханрониҳо, аз тарафи иштирокчиёни вохӯрӣ суолҳо ба меҳмонон дода шуд ва ба саволу муроҷиатҳо, меҳмонон посухҳои мушаххас доданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси ноҳия, ба меҳмонони олиқадр, миннатдории худ ва тамоми фаъолони ноҳияро барои баргузории чунин вохӯрии судманд баён намуда, қайд намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, ҷиҳати дар сатҳи баландӣ сиёсиву ташкилӣ баргузории интихобот, чораҳои заруриро меандешад. Баъд аз вохӯрӣ ва нимаи дуюми рӯз, меҳмонон аз нуқтаи ҷойгиршавии ҳавзаи интихоботии якмандатии «Кӯшониён 27» ва участкаҳои интихоботии Маҷлиси вакилони вилоятӣ ва ноҳиявӣ дидан намуда, оид ба корҳои ба анҷом дода, норасоиҳо тавсия ва фикру мулоҳизаҳои худро ба масъулин пешниҳод намуданд.
Кӯшониён