Пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Кӯшониён-27»

          Ҳафтаи сипаригардидаи соли равон, дар Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Дар кори Конференсия Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раисони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва Ҷ.Балхӣ, намояндагони комиссияи ҳавзаи интихоботии «Кӯшониён-27», аъзоёни ҳизб, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд. Рӯзномаи маҷлис аз як масъала, пешбарии номзади ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҳикистон аз ҳавзаи якмандатаи «Кӯшониён-27» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷониби Мунаввара Абдусаломзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, номзадии узви ҲХДТ, Шодиён Муҳаммад Султонзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи якмандатии интихоботии «Кӯшониён-27» пешбарӣ гардид. Баъд аз овоздиҳии пинҳонӣ аз 201 нафар вакилони иштирокчии Конференсия, 197 нафар ба ҷонибдории Шодиён Муҳаммад Султонзода овоз доданд.

           Шодиён Муҳаммад Султонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, 28 феврали соли 1965 дар ноҳияи Данғара таввалуд шудааст. Соли 1989 филиали Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи С.Айнӣ (Т.Г.Шевченко) дар шаҳри Бохтарро (Қӯрғонтеппа) хатм кардааст. Номзади илмҳои математика-физика, дотсент, доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Бо мукофоти собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, медали дараҷаи 2 – «Барои хизмати шоёни ҳарбӣ» соли 1986, «Медали 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Аксҳо аз рафти Конференсия:

2. IMG_0079.jpg 3. IMG_0076.jpg

 

Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.