Ҳафтаи сипаригардидаи соли равон, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, вохӯрии Қосимзода Идигул, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён бо занони имконияташон маҳдуд ва эҳтиёҷманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Қосимзода Идугул қайд намуданд, ки дар доираи ҳамкорӣ ва дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин 40 адад мошинаи барқии дӯзандагии ҳозиразамон, баҳри дастгирии занони хонашин ва имконияташон маҳдуд, ки ҳунари дузандагӣ доранд ба ноҳияи Кӯшониён дастрас гардидааст. Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, дар суханронии худ, ҷиҳати дастрасии ин таҷҳизотҳо ба ноҳия миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баён намуданд. Баъд аз вохӯрӣ тамоми мошинаҳои дӯзандагӣ, ба занони эҳтиёҷманд ва имконияташон маҳдуд тибқи рӯйхат тақсимот гардид.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:
Кӯшониён