Дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, санаи 13 январи соли равон, дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, вохӯрии гурӯҳӣ корӣ бо роҳбарии Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, раиси Комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, аъзоёни комиссия ва кормандони ҷамоат бо хонандагони синфҳои 11-ум баргузор гардид. Дилафрӯз Шукруллозода, ҳангоми суханронӣ ба ҷавонон муроҷиат намуда, қайд намуд, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Кӯшониён оид ба омодагиҳо ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, як зумра нақша-чорабиниҳо таҳрезӣ гардида истодааст.
Ҷавонони ватандӯсту ватанпарастӣ мо, бояд бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, сари вақт аз комиссияи тиббӣ гузаранд ва он шаҳрвандоне, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон омадааст, адои хизмати ҳарбиро ба ҷо оранд, қайд намуд Д.Шукруллозода. Илова бар ин, қайд гардид, ки ҷавонони бо ихтиёри худ ҳозир шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, баъд омӯзиш бо ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ройгон таъмин мешаванд. Тибқи нақша чунин вохӯриву сӯҳбатҳои судманд, дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ ба роҳ монда шудааст.
Аксщо аз рафти вохӯрӣ:
Кӯшониён