Баррасии мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси олии мамлакат, дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Кӯшониён.
Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён дар суханронии худ қайд намуданд, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, бо мақсади таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст. Инчунин оид ба нуқтаҳои дигари Паёми Пешвои миллат ёдрас гашта, ба масъулин супориш дода шуд, ки дар асоси Паёми Пешвои муаззами миллат, нақша-чорабиниҳоро таҳия намуда, оид ба рафти иҷроиши он, гурӯҳӣ корӣ таъсис дода шуда, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо баргузор карда шаванд. Инчунин роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳои вазифадор карда шуданд, ки оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ гардидаанд, мавриди амал қарор дода шаванд. Доир ба дигар нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, инчунин Мунаввара Абдусаломзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, Исроил Пиров, раиси Ҷамоати деҳоти Заргар ва Валиев Зиёдалӣ, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баромад намуданд.
Аксҳо аз рафти Паём:
Кӯшониён