Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, кабутизоркунӣ ва чароғонкунии кӯчаю маҳаллаҳо, рӯзи 15 январи соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, вохӯрии навбатии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён бо сокинони кӯчаи марказии шаҳраки И.Сомонӣ ва деҳаҳои Хурсандӣ 1 ва Хурсандӣ 2-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор гардид.
Раиси ноҳия сараввал мақсад аз баргузории ин вохӯриро шарҳ дода, сипас оид ба корҳои ба анҷом расонида дар ноҳия ва нақшаҳои дар пеш истода, муффасал қайд намуданд. Аҳолии шаҳракнишин ва хусусан кӯчаи марказии ноҳия бояд аз ҷиҳати корҳои ободонӣ, созандагӣ ва тозагӣ бояд намунавӣ буда, аз имкониятҳои мавҷуда бояд самаранок истифода баранд, хусусан дар кӯчаи марказии ноҳия таъсиси нуқтаҳои хизматрасонӣ, ошхонаҳо, дӯконҳои хурду калон ва дигар иншоотҳои таиноташон гуногун ташкил бояд шавад. Ҷиҳати ташкилӣ ин иншоотҳо ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми шароитҳоро муҳайё менамояд, қайд намуд раиси ноҳия. Иштирокчиёни вохӯрӣ ин таклифу пешниҳодҳои раиси ноҳияро бо хушнудӣ пазируфтанд. Инчунин бо мақсади зеботар ва ҳусни меъмории шаҳракро дигаргун гардонидан, пешниҳод гардид, ки хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои дар кӯчаи марказӣ ҷойгир буда, бо ранги зебои интихобгардида таъмиру рангубор карда шаванд. Нақшаи дигари баррасигардида, ин корҳои ободонӣ ва чароғонкунии роҳи Кӯшониён-Бохтар ва Кӯшониён-Вахш ба ҳисоб мерафт.
Оид ба ин масъала сокинони деҳаҳои Хурсандӣ 1 ва Хурсандӣ 2 ва кормандони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод пешниҳод намуданд, ки рӯзҳои наздик оид ба чароғонкунии ин минтақа оғоз намуда, саҳми хешро барои ободии диёри азиз мегузоранд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:
Кӯшониён