Санаи 16 январи соли 2020 вобаста ба тарбияи ноболиғон ва пешгирии ҳолатҳои ба ҷиноят даст задани онҳо, амалиёти мақсадноки муштарак таҳти унвони «Оворагард» ва «Бозор» аз тарафи сармутахассис-котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ХПҲНҶ-и ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён, дар ҶДММ «Бозори фурӯши чорво»-и ноҳияи Кӯшониён амлиёт гузаронида шуда, аз бемасъулиятиву беназоратии бархе аз падару модарон, иддае аз наврасон, хонандагони муассисаҳои таълимии № 1, 2, 5, 16, 56 ва 68 бе назорат монда, ба қайд гирифта шуданд.
Бинобар сабаби риоя нагардидани талаботи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба мақомотҳои дахлдор нисбати волидон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, пешниҳод карда шуд.
Аксҳо аз рафти амалиёт:
Сармутахассис-котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак
Шарипова Ш.