Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат, инчунин таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар деҳаи Қовунтеппаи Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Масъулин дар вохӯрӣ қайд намуданд, ки «Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти тамоми соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки мо сокинон дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем ва моро зарур аст бо шинохти манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло ва дӯст доштани Ватан дар интихоботи дарпешистода иштирок карда, вакилони арзандаро интихоб намоем.
Аксщо аз рафти вохӯрӣ:
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён