Санаи 26 январи соли равон, тибқи дастури Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо мақсади дидорбинӣ ва мулоқот бо ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарор дошта, шиносоӣ бо фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши онҳо, ҳамзамон муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Раҷабов Раҷабали, муовинираиси вилояти Хатлон бо намояндагони дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Федератсияи Россия сафар карданд. Роҳбарии гурӯҳи кориро, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ба зимма дошт. Рӯзи 27-уми январи соли равон, гурӯҳи корӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторӣ вохӯрӣ намуда, оид масъалаҳои қайд гардида сӯҳбати самимӣ намуданд. Ҳамзамон дар бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, вохӯрии ҳайати корӣ, бо масъулини вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, диаспораҳо ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт.
Дар ҷаласа иштирокчиён оид ба имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҷалби соҳибкорони бурунмарзии тоҷик ба раванди босуръати корҳои ободонию бунёдкорӣ дар кишвар, имтиёзу шароити мавҷудаи вилояти Хатлон барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар суҳбат намуданд. Дар идомаи ҷамъомад зикр гардид, ки баъд аз омодагии ҳамаҷониба бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Федератсияи Россия баргузории Форуми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Хатлон ва сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст. Дар охир иштирокчиёни вохӯрӣ, оид ба таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолию марказҳои хизматрасонӣ ва баргузории форуми бошукӯҳи тиҷоратӣ дар шаҳри Москва табодули афкор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ба намояндагони вилояти Хатлон суолу пешниҳодҳои худро баён карданд. Соҳибкорони ватанӣ, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд. ҳангоми вохӯрӣ бо раиси ноҳия изҳор намуданд, ки аз сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор намуда, аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, нисбати ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки барои пешрафту тараққиёти ватани азимон саҳмгузор хоҳанд шуд.
Аксҳо аз рафти сафари корӣ:
Кӯшониён