Идомаи сафари кории раиси ноҳия, ба шаҳри Уфаи ҷумҳурии Башкортостани Федератсияи Россия

       Рӯзи 29 январи соли равон, дар идомаи сафарии кории худ раиси ноҳия боҳамраҳонаш, аз шаҳри Москва ба шаҳри Уфаи чумҳурии Башкортостани Федератсияи Россия сафар намуданд. Дар ин ҷумҳурӣ низ, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия ва гурӯҳи корӣ бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорони бурунмарзии тоҷик, диаспораҳо ва дигар шахсони расмӣ вохӯрданд. Ҳангоми вохӯриҳо раиси ноҳия ба иштирокчиёни ҷамъомад, оид ба имкониятҳои иқтисодии ноҳия, раванди босуръати корҳои ободонию созандагӣ, имтиёзу шароитҳои мавҷудаи ноҳияи Кўшониён барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ,  таъмини шароитҳои мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хоричи кишвар сӯҳбати самимӣ намуданд. Ҳамватон ва соҳибкорони бурунмарзии мо ҳангоми суҳбат қайд намуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободии Ватани азизмон саҳмгузор хоҳанд шуд. Онҳо аз дигаргуниҳои куллие, ки дар Тоҷикистон, аз ҷумла бозҳам ободу зебо гаштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, сохтмонҳои бузург ба мисли НОБ-и Роғун, роҳҳои байналмиллалӣ ва бунёди корхонаҳои азим изҳори қаноатмандӣ намуданд ва пешниҳод намуданд, ки саҳми худро дар самти таъсиси коргоҳои нав, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ босоҳибкорони ноҳия мегузоранд. Ҳамзамон гуруҳӣ корӣ, дар идомаи сафари худ бо намояндагони Палати савдои ҷумҳурии Башкортостан вохурӣ намуда, ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Аксҳо аз рафти сафари корӣ:

2_2.jpg 3_1.jpg

 

Муҳаммад Шарипов

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.