Оре ҳақ бар ҷониби муаллифи ин мисраҳост саодатмандии мардум ва ободию пешравии ҳар як мамлакат аз муносибати мутақобилаи кишварҳои ҳамсоя вобастагии калон дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамсоягӣ қарор доранд вале имрӯзҳо ба назар мерасад, ки аз ҷониби бародарони ба мо дӯсту ҳамсоя амалҳои нанговар рух дода истодааст, ки сабабӣ ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Тоҷикистон гашта истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувваи худро сарф карда истодааст то ин муноқиша домани худро паҳн накунад ва сулҳу дӯстиву бародарии ду миллат боқи бимонад. Дар тӯлӣ таърихи дунё миллатӣ тоҷик ҳамеша миллатӣ сулҳҷӯ бофарҳанг ва дӯстдорандаи бародариву дӯстӣ буд ва ҳамеша боқи мемонад. Чунончи шоири бузурги форсу тоҷик Ҳ. Шерозӣ сурудааст.
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душмани баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чунончи бузургон гуфтаанд: дӯстиву бародарӣ аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ дилгарм, ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро, ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Дӯстиву бародарӣ афзуни ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд ҳамдард мегардад дар акси ҳол ҳама корҳо маъно надоранд зеро бузургон гуфтаанд як дона ба танҳои хирман намегардад, нони танҳо файзи дастархон намешавад, шукуфтани муғчае бе ҷамоли офтобу боди субҳ сурат намегирад. Инсон ҳам бе дӯстиву бародарӣ наздик буда наметавонад. Шоири арҷманд мефармояд.
То абад бо дӯстон осудагист,
Марг ҳам бе дӯстон осон нашуд.
Аз назари исломи азиз яке аз сабабҳое, ки имон ба он ислом мешавад таҳаққуқи комилу ухуввату бародарист, ки аз барномаҳои асили имон аст. Худованд муъминонро бар асосӣ имонашон бародарони ҳамдигар муаррифи кардааст. Худованд мефармоянд муъминон бародари якдигар ҳастанд бубинед, ки Худованд ба хотири имонашон онҳоро бародар хонд на ба хотире, ки ҳамшаҳранд ё аз як маҳаллаанд. Ин бародариву ухувват хеле маънои бузург дорад, агар инсон воқеан бародари имониашро бародари худаш бидонад ҳеҷ гоҳ теша бар решаи бародари худаш намезанад, аз ин лиҳоз набояд ухуввату бародариро дар байни худамон ниҳоди карда бошем. Маънои воқеъии калимаи бародарро дарк карда битавонем нафақат бо шиор ё бо як эҳсос бигӯем, ки фалон бародарони мо ҳастанд. Лек дар баробари иддаои худ мунтаҳо дар амал хилофи он рафтор бикунем, мутаассифона имрӯзҳо мебинем, ки дар байни ду миллати ҳамсарҳади тоҷику-қирғиз, ки мусалмон ҳастанд ба ғайри он Бобову Бибиён ва бузургоне, ки пеш аз ин гузаштаанд бо сулҳу суботу якдигарфаҳмиву бародарӣ зиндагӣ мекарданд, имрӯз аз байн рафта истодааст, ки як бонги хатар барои ду миллат аст. Дар ҳоле, ки дар як дин ва як мазҳаб мебошанд. Дини Ислом дини хайрхоҳӣ, дини сулҳу Ваҳдат ва дини насиҳат мебошад. Расули Худо мефармоянд муъмини комил нест ҳар яке аз шумо то замоне, ки он чизеро, ки дар нафси худаш дӯст медорад барои бародараш дӯст бидорад, тақрибан ин ҳадисро ҳамаи мусалмонон медонанд, аммо як нафаре аз онҳо дасти яке аз он нафарони тафриқаандозе, ки байни ду миллати мусалмон ҷудои андохта истодаанд намегиранд, боз мутаассифона на ин, ки дасти онҳоро намегиранд балки аз нафарони аксгирандагоне ҳастанд, ки мехоҳанд худро бегуноҳ ба дигарон нишон диҳанд ва бародарони худро бе обрӯ гардонанд, ин гуна инсонҳоро на Худо дӯст медорад ва на Пайғамбар. Расули Худо дар як ҳадиси муборак мефармояд ҳар касе, ки ба рӯзи охират имон дорад ҳамсояашро икром бикунад. Дар асл миллатӣ тоҷику-қирғиз дӯсту бародар ва бисёр ҳамсояи хуб буданд. Мутаассифона имрӯзҳо дар байни ин ду миллат як гурӯҳи нав пайдо шуда, ҳаракат доранд то дӯстиву бародарии ин ду миллатро аз байн баранд аммо мо умадвор ҳастем, ки онҳо ба мақсади муғризонаи худ намерасанд. Хулоса ба ҳадиси Расули Худо салАллоҳу алайҳи ва салам ки фармуданд бародаратро ёри кун лозим бошад ё мазлум бошад, Саҳоба таъаҷуб карданд, ки чи гуна лозимро кумак бикунем дар ҳоле, ки зулм мекунад Паёмбар салАллоҳу алайҳи ва салам дар ҷавоб гуфт: ӯро аз зулм боз бидор! такя карда ба бародарони қирғиз инро гуфтани ҳастем, ки ба суханони он тафриқа андозоне, ки байни ду миллат ҷудои андохта истодаанд гӯш наандозанд ва бар решаи дарахти дӯстӣ табар назананд. Он ухуввату бародариву дӯстӣ агар ба хуби дар байни мо эҳё шавад мо якҷоя метавонем як ҷомеаи солим бо тараққӣ, пешрафта ва боарзиштарин ҷомеаи ҷаҳонӣ дошта бошем.
Мисоли оддии он самтҳои пешгирифтаи ду давлати ҳамҷавор ва дӯсту бародар дар чандин соҳаҳо хусусан сохтмони неругоҳҳои барқии оби дар Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, ки мумтазам идома дорад. Дар ояндаи начандон дур ҳаҷми истеҳсоли барқро ба маротиб зиёд мекунад. «Роғун» ва «Қамбароти» аз муҳимтарин ва бузургтарин тарҳҳои энергетикӣ дар ин кишварҳо ва минтақа ба шумор меравад. Дар ҳолати пурра ба истифода додани онҳо ду кишвари Осиёи Марказӣ аз содиркунандагони асосии барқ дар минтақа маҳсуб меёбад. Ва зарурате пеш меояд, ки Тоҷикистону Қирғизистон алоқаҳои ҳамдигарро зичтар намоянд. Ҳамаи инҳо аз дӯстиву бародарии ду миллат вобастагии калон дорад. Умедвор ҳастем мардуми ба мо дӯсту ҳамҷавору бародар инро дарк мекунанд.
Иҷрокунанда Имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи Қори Абдулмаҷиди
Ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи М. Турсунзодаи ноҳияи Кӯшониён.
Н. Тошпулотов