Дастовардҳои шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён

       Қобили қайд аст, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, бо иштироки муовини якуми  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Р.Шоҳиён, муовини Раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У. ва роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Исозода С  гузаронида шуд, ки дар ҷаласаи мазкур фаъолияти шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён вобаста ба фаъолияти пурсамар намудан дар соҳаи хизмати давлатӣ ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои мансабӣ дар ҳолати бехатарии ҳолатҳои фавқулода дар ҷамбасти соли 2019 дар сатҳи баланд гузошта шуда, яке аз шуъбаҳои пешқадам ва беҳтарин дар соли 2019 ҳисобида шуд, ки  аз ҷониби муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Зоҳирзода У- сарпарасти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Кӯшониён капитан Қуватзода Д. бо  мукофотҳо сарфароз гардонида шуд.

       Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳудуди  деҳаи Меҳрободи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амбори захираҳои эҳтиётӣ  сохта шуда,  рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад, ки фаъолияти он баҳри  пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода равона карда шудааст.

       Дар соли 2019 аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани базаи моддии техникӣ як адад автомашинаи хизматиии нави Пикап (Terralord-zxauto),  ки  соли бароришаш 6 августи соли 2019 мебошад,  ба шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия дода шуд, ки баҳри  пешрафти соҳа вазифаи аввалиндараҷаро мебозад.

        Боиси қайд аст, ки вобаста ба расонидани кумакҳои аввалиндараҷа ва кам намудани талафоти ҷонӣ аз офатҳои табиӣ бо дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, макомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Кушониён ва Созмони байналмилалии ташкилоти Каритас Швейтсария  дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён хоҷагии самти ниҳолпарварӣ таъсис дода шуд.

       Мақсади асосии ташкили хоҷагии самти ниҳолпарварӣ ба рушд ва афзоиши даромадноки ва дастрасӣ ба дарахтони арзон ва баландсифат равона карда шудааст, ки дар самти маҳал дар ноҳия истеҳсол карда мешаванд, ки ин метавонад дар оянда сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳад.      

       Қайд бояд намуд, ки дар боғи мазкур дарахтону растаниҳо  аз қабили Актсия, Писта, Чормағз, Зардолу, Хуч, ва Бодом, парвариш карда мешаванд. Ниҳолҳои парвариш карда шуда, барои мустаҳкам кардани соҳили чапи дарёи Вахш ва мавзеъҳои хавфноки ноҳия, ки таҳдиди шусташавӣ ва хатари омадани обхезиро  доранд,  истифода бурда мешаванд, ки ин ба паст кардани хавфи офатҳои табии мусоидат менамояд.

       Илова бар ин сохтмони бинои алоҳидаи шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён  дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки ин ҳама дастовардҳои назарраси шуъбаи Раёстаи Кумитаи ҳолатҳои фавқудда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён дар соли 2019 ба ҳисоб меравад.

Аксҳо:

 2_5.jpg 4_0.jpg

 

 

Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва

мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи

Капитан Қуватзода Д.Қ.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.