Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ гузаронидани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва ноҳия, дар тамоми участкаҳои интихоботии ноҳия омодагиҳо идома доранд. Бо мақсади шиносоӣ ва омодагиҳо, гурӯҳӣ корӣ аз ҳавзаи интихоботии “Кӯшониён-27” ва участкаҳои интихоботӣ, бо роҳбарии Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Саъдӣ Шарипов, ҳуқуқшинос, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Сайдраҳмон Давлатзода, раиси суди ноҳия ва дигар масъулин дидан намуданд. Ҳангоми шиносоӣ муайян гардид, ки тамоми участкаҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланд омода буда, тамоми ҳуҷҷатгузорӣ айёниятҳо, шиору навиштаҷотҳо, руйхати интихобкунандагон насб гардидаанд. Аз тарафи раиси ҳавзаи интихоботии “Кӯшониён-27” Иброҳим Абдуллоев қайд гардид, ки ҳамарӯза дар минтақаҳо аз участкаҳои интихоботӣ дидан намуда, зери назорати доимӣ қарор доранд. Ҷиҳати таблиғи ин маъракаи муҳими сиёсӣ, дар ноҳия шиору овезаҳо насб шудаанд. Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ тамоми санадҳои зарурӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо интихобкунандагон ҷиҳати иштироки фаъол ва озодона дар интихобот, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, то шахсони арзанда вакили Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои халқи вилоят ва ноҳия интихоб гарданд. Масъулони комиссияҳои интихоботӣ дар якчанд маъракаҳои интихоботӣ ширкат варзида, таҷрибаи хубӣ корӣ доранд ва ин таҷрибаро ба ҷавонон меомӯзонанд, қайд намуд И.Абдуллоев.
Аксҳо аз рафти шиносоии ҳавзаи интихоботии Кӯшониён-27:
Кӯшониён