Дар идомаи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, оид ба тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар, вохӯриҳои гуруҳӣ корӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Сарвати Истиқлол ва Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳия, бо иштироки фаъолонаи сокинони ин ҷамоатҳо баргузор гардиданд. Масъалаҳои дигари мубрами рӯз аз қабили корҳои ободонию созандагӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳои ифротӣ, омодагиҳо ба интихобот, кишти баҳорӣ, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти андозҳои давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аксҳо аз рафти тарғибу ташвиқи Паём:
Кӯшониён