Бо мақсади шиносонидани ҲХДТ байни қишри ҷавони ҷомеа, фаҳмонидани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 – и ноҳия вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни баромадашон масъулини ҳизб қайд карданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибиқстиқлолӣ мо ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф гардидаем. Мо ҷавонон бояд аз файзи Истиқлолият бештар баҳра гирифта, ба қадри соҳибистиқлолӣ расем ва онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу ҳимоят намоем. Зеро Истиқлолият бародарию баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, хонаи обод, сари баланд ва рӯзгори осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён