Маъракае, ки иштироки мо ҳатмист

       Хушбахтона даврони соҳибистиқлолии кишрвари маҳбубу биҳиштосоямон дар асоси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоии мардуми шарафманду хуштолеъи кишвар як қатор пешравиву навгониҳо ба вуқӯъ пайваст. Бо гузашти вақт қадру манзалат ва эҳтирому нуфузи ҳар як шаҳрванд дар партави сиёсати башардӯстонаи сарвари давлатамон ба инобат гирифта шуда, хосса манфатҳои иҷтимоиву ҳуқуқии ашхоси муҳтоҷу ниёзманд мавриди таваҷҷҳу ғамхории рузафзуни Пешвои муаззамамон қарор доранд. Ин мафҳум дар Паёми ҳикматбори сарвари давлатамон санаи 26-уми декабри соли 2019 - ум бори дигар баррасӣ гардид. Бо назардошти ин ҳама дастгириву ғамхориҳо, мардуми кишвар бо дарки рисолати шаҳрвандии хеш муҳимтар аз он ҳамчун ашхоси манфиатовару ватанпарвари ҷомеъа эҳсоси фараҳмндӣ намуда дар тамоми чорабиниҳои оммавӣ ширкати фаъолона меварзанд. Ин ҳамбастагиву иттифоқӣ ва пуштибони намудан аз сиёсати имрӯзаи роҳбарияти Олии кишвар нишони саодатмандии миллат мебошад.

       Ин шабу рӯз баъди таҷлили иди Сада, ки аз файзи Наврӯзи оламафрӯз мужда медиҳад, мардуми деҳот ҳама баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ бо замин сару кор гирифта, ҳар нафаре ба парвариши сабзавот ва боғу токзор машғул аст. Маҳз ана ҳамин меҳнати софдилонаашон буд, ки ҳаёти мардуми деҳот низ рангу таровати тоза гирифта, муҳити зисташон рӯз ба рӯз зеботару дилкаш мегардад. Чун вилояти Хатлон аграрӣ буда имкони парвариши як қатор маҳсулоти кишоварзӣ ҳаст, интизор меравад, ки дар ин росто низ ҷиҳати татбиқу амалисозии ҳадафҳои стратегии Президенти мамлакат “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва расидан ба “Саноатикнонӣ”-и кишвар саҳми деҳқонони ноҳии Кӯшониён низ ба некӣ арзёбӣ мешавад.

       Новобста аз талошу кӯшишҳои хеш, ки мақсад ҳосили фаровон овардан аст, мардуми деҳот бо самимияту умедвориҳо ва ширкати фаъолона доштанашон, интихоботро интизоранд.Борҳо мушоҳида гардидааст, ки дар ҳамгӯна чорабиниҳо сокинони ноҳияи Кӯшониён, хосса мардум шарафмандӣ ҷамоати деҳоти Заргар дар маъракаҳои оммавии фарҳангиву сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, бадин васила мақомшонро ба некӣ дарёфт намудаанд.

       Интихобот яке аз маъракаи муҳими сиёсии дорои вазифаҳои гуногун буда, он дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро мекунад. Маҳз дар заминаи интихобот ва иҷрои вазифаҳои он дар ҷомеъаи тозабунёдамон суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди инфросохторҳои муҳими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир мегардад. Пас бо назардошти чунин дастовардҳои бензир ва дарки моҳияти ин маъракаи сиёсӣ тамоми мардуми кишвар хоса сокинони ноҳии Кӯшониёнро лозим аст дар мавриди баргузории интихобот фаъолона ширкат варзанд.

       Албатта дар партави иҷрои дастуру супоришҳои дахлдори хеш масъулони ин маърака, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргӯзор шудани интихобот омодагӣ дида истодаанд, ки шиору овезаҳо, баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманди роҳбарияти ноҳия ва ташкилу роҳандозӣ намудани ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ бозгӯи онаст. Бо назардошти моҳияти интихоботи мазкур, ки санаи 1-уми марти соли ҷорӣ баргузор мешавад, мо ходимони дин низ зимни вохуриҳои хеш мардумро даъват менамоем, ки дар ин маъракаи муҳими сисӣ, ки интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо баргӯзор мешавад, ширкти фаъолона дошта бошанд.

 

 

 

Имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи “Қори Абдулмаҷид”–и

ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи М.Турсунзода

Нозимҷон Тошпулотов.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.