Нашъамандӣ хатари ҷомеа

       Санаи 11 феврали соли равон дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор оид ба ҷоннок намудани корҳои ташфиқотию тарғиботӣ барои амали гардонидани ҳадафҳои барномаи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» бо иштироки, Намаояндаи Маркази наркологии назди Ҳукумати вилояти Хатлон Мусамиров Ҳайдар, Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён Муҳаммад Шарипов, Муовини идеологии раиси ҷамоати деҳоти Навбаҳор Қурбонов Абдулҳамид ва раисони маҳаллаҳои Навобод, Чорсу, Тоҷикобод ва Саричашмаи ҷамоати деҳоти Навбаҳор вохӯрӣ баргузор гардид.

 2. 20200211_104752.jpg

       Бояд қайд намуданд, ки Нашъамандӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсири манфӣ расонида, шахси муътодро ҷавонмарг месозад. Нашъамандӣ охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI авҷ гирифта, ба мушкили аввалияи ҷаҳониён табдил ёфтааст. 

       Бинобар ин мо ҷавонони имрӯза бояд ҳар як дақиқаи умри худро сарфакорона истифода барем ва нагузорем, ки насли ояндаи мо ба омилҳои номатлуб даст зананд.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита 
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён
Муҳаммад Шарипов

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.