Аз нишасти матбуотӣ

       Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи реҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, санаи 11 феврали соли равон, нишасти матбуотии роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён, оид ба ҷамъбастӣ натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯшониён, дар соли 2019 баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур намояндагони тамоми васоити ахбори оммаи вилоят ва намояндагии  ВАО-и  ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон иштирок намуданд. Инчунин дар нишасти мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат варзиданд.

       Тибқи рӯзномаи нишасти матбуотӣ, сараввал ҳисоботи мухтасари раиси ноҳия оид ба ҷамъбастӣ натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯшониён дар соли 2019 шунида шуд. Баъд аз шунидани ҳисоботи мазкур, тибқи рӯзномаи нишаст, аз тарафи намояндагони ВАО, суолҳои омодагардида ба роҳбарияти ноҳия пешниҳод гардида, аз тарафи раиси ноҳия ва дигар масъулин ба ҳамаи суолҳо, ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд. Нишасти мазкур дар фазои озод ва сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми ҷамъомад, масъули нишасти матбуотӣ, намояндаи шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, миннатдории хеш ва аҳли ВАО-ро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани нишасти матбуотӣ баён намуд. Ҳамзамон раиси ноҳия барои иштироки фаъолонаи тамоми рӯзноманигорон, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониёнро баён намуда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ ҳамкориро бо ВАО зич ба роҳ хоҳанд монд.

Аксҳо аз рафти нишасти матбуоти:

2.IMG_1275.jpg 3.IMG_1277.jpg

 

Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.