Таҷлили 31-умин солгарди баровардани қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ аз Афғонистон дар ноҳия

       Рӯзи 13 феврали соли равон, дар Кохи фарҳанги ноҳия, бахшида ба 27- солагии Рӯзи артиши миллӣ, 31-умин солгарди баровардани қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ аз Афғонистон чорабинии ботантана баргузор гардид. Сараввал бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва собиқадорони ҷанги башардӯст ба пайкараи Асосгузори давлати тоҷикон, шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта, сипас меҳмонони олиқадр ба толори Кохи фарҳанг раҳсипор шуданд. Дар чорабинӣ тамоми иштирокчиёни ҷанговарони башардӯст ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Дар табрикоти худ раиси ноҳия, собиқадорони ҷанги башардӯст ва дар симои онҳо тамоми ҷанговарони башардӯсти ҷумҳуриро бо ин рӯз табрик намуда,  қайд намуданд, ки сол то сол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддию пулӣ ба собиқадорони ҷанги башардӯст расонида мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ, доимо омодааст, ки ба ин шахсони ҷонфидои ватан кӯмакҳои худро расонад, қайд намуд раиси ноҳия.   

       Ҳамзамон дар назди ҳозирин собиқадорони меҳнат ва ҷанговарони башардӯст хотираҳои  худро аз он рӯзҳо ба ёд оварда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои бепоён ва ғамхориашон нисбати эшон баён намуданд. Ёдовар мешавем, ки айни замон дар ноҳия 298 нафар ҷанговарони башардӯст зиндагонӣ доранд. Дар ин рӯзҳо ҷанговарони башардӯст, инчунин ба оилаҳои ҳамхизматони  худ, ки дар ин ҷанг вафот намуданд ба аёдат мераванд ва дар назди нимпайкараҳои  ҷанги Афғонистон ҷамъ шуда, рафиқони худро баёд меоранд. 

       Бояд зикр намуд, ки 31 сол қабл дар ҳамин рӯз охирин қушунҳои 40-уми артиши Шӯравӣ Афғонистонро тарк намуданд. Артиши шӯравӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон 9 солу 1 моҳу 19 рӯз, аз соли 1979 то соли 1989 қарор доштанд. Баровардани қушунҳо баъд аз гузашти машҳури фармондеҳӣ артиши 40-ум, генерал Громов аз пули шаҳри Термез «Дӯсти» баргузор  гардид. Охирин Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон қисмҳои қушунҳои сарҳадӣ аз шаҳрҳои Термез ва Кушку баромаданд, ки  ин амалиёт 9 моҳро дар бар гирифт. Ҳамагӣ аз 25 декабри соли 1979 то 15 феврали соли 1989  қушунҳое, ки дар  Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон қарор доштанд 620 ҳазор нафар хизмати ҳарбиро адо намуданд. Дар раванди чорабинӣ ба як қатор собиқадорони ҷанги башардўст, ифтихорнома ва медалҳои омодагардида, аз тарафи роҳбарияти ноҳия супорида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ фарҳангчиёни ноҳия, гулдастаи ҳунариро баҳри болидахотирии иштирокчиён пешкаш намуданд.

Аксҳо аз чорабинӣ:

2.IMG_1350.jpg 3.IMG_1354.jpg

 

 

Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.