Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии ноҳияи Кӯшониён оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2020 ва нақшаи пуррагардонии Маркази таълимию методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади омода намудан ва омӯзонидани аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи онҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин омодагӣ ба мудофиаи гражданӣ ҳафтаи сипаригардидаи соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо омӯзгорони сифҳои 2-юми муассисаҳои таълимии ноҳия машғулиятҳои омӯзишӣ доир ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
Омӯзиши мазкур дар муддати ду руз аз ҷониби Сардори Маркази таълимию методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Сайдализода Ё дар якҷоягӣ бо муовини соҳавии раиси ноҳия Сафарзода Ш, Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия капитан Қуватзода Д ва сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шуъбаи маорифи ноҳия-муовини шуъбаи маориф Самадов Ҳ. гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидлани машғулият ба диққати шунавандагон нақшаҳои омӯзиши аҳолӣ ва барномаҳое, ки аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст фаҳмонида шуд.
Мақсад аз гузаронидани машғулияти мазкур ин пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва баланд бардоштани маҳорату малакаи коргарон ва хизматчиён мебошад.
Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ ба ҳисоб рафта, бисёре аз ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба офатҳои табиӣ ба монанди лағжиш, сел, обхезӣ, ярч ва заминларза аз эҳтимол дур нест. Аз ин хотир дар синфҳои ибтидоӣ бояд донишу малакаи хонандагон дар муҳофизат аз офатҳои табиӣ ва омодагии онҳо ба хусус заминларза, пурзӯр карда шавад.
Бо ҳамин мақсад Барномаи омӯзиши асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои хонандагони синфҳои 2 ва 6-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2009 мавриди амал қарор гирифтааст. Инчунин дар рафти машғулиятҳо мақсади омӯзонидани Барномаи мазкур бо хонандагони синфҳои 2-и муассисаҳои таълимии ноҳия ва вобаста бо иҷроиши Барномаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои
фавқулода ва мудофиаи граждании
вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
Капитан Қуватзода Д.Қ.